Вазъи буҳронии ятимхонаи Кобул бо омадани Толибон
(last modified Thu, 21 Oct 2021 06:05:57 GMT )
Октябр 21, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Вазъи буҳронии ятимхонаи Кобул бо омадани Толибон

Вазъияти Маркази нигаҳдории кӯдакони бесарпарасти Кобул бо рӯи кор омадани Толибон буҳронӣ шудааст.

Ба гузориши Райтерс, ятимхонаи Кобул пас аз ба қудрат расидани Толибон бо камбуди буҷа мувоҷеҳ шуда ва мудири ин муассиса маҷбур ба кам кардани ваъдаҳои ғизоии кудакон шудааст.

Аҳмад Халили 40 сола, ки мудири ятимхонаи Кобул аст, мегӯяд, миқдори мева ва гуштро, ки ҳар ҳафта ба бачаҳо медиҳад ба далели камбуди пул коҳиш додааст.

Вай гуфт: "Муттаассифона хайрони хориҷӣ кишварро тарк кардаанд, вақте ҳам ба онҳо эмейл мезанам ва ё тамос мегирам ҳеҷ кас ҷавоби манро намедиҳад."

Халилӣ афзуд, дар ҳоли ҳозир саъй мекунем, ки пули боқимондаро бо ғизоӣ кам идора кунем.

Ҳудуди 130 кудак дар Маркази нигаҳдории кудакони бесарпарасти “Хонаи Кобул” нигаҳдорӣ мешаванд.