Қазоқистон мизбони нахустин Ҳамоиши байналмилалии тавсеаи саноати дорӯсозӣ
(last modified Fri, 29 Oct 2021 13:02:40 GMT )
Октябр 29, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон мизбони нахустин Ҳамоиши байналмилалии тавсеаи саноати дорӯсозӣ

Аввалин Ҳамоиши байналмилалии «Глобал Форм» дар заминаи тавсеаи саноати дорӯсозӣ дар Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш муовини нахуствазири Қазоқистон, намояндагони Анҷумани байналмилалии тавлидкунандагони дорӯии ин кишвар, бузургтарин ширкатҳои хориҷӣ ва дохилии фаъол дар заминаи таҳия ва тавлиди дорӯ ва ҳамчунин намояндагони Ожонси байналмилалии таҳлилии «IQVIA» ҳузур доштанд.

Ержан Тугжанов дар ин ҳамоиш тавсеаи санъати дорӯсозиро аз вазоифи муҳимме унвон кард, ки ниёз ба ҳалли фаврӣ ва муассир дорад.

Вай таъкид кард, соли гузашта ҳаҷми бозори дорӯсозии Қазоқистон бо рушди 22 дарсадӣ ба 1.5 миллиарддоллар расид.

Бино бар суханони ин мақоми қазоқ, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон чунин ширкатҳои хориҷӣ монанди Polfarma (Полша), PharmaStandard (Русия), Abdi Ibrahim (Туркия), Fave (Чехия) ва дигарон корхонаҳои худро эҷод ва фанновариҳои модернро пиёдасозӣ мекунанд.