Октябр 31, 2021 14:41 Asia/Dushanbe
  • Гумоназаниҳо дар мавриди марги раҳбари Толибон

Мақомҳои Толибон мегӯянд, мулло Ҳабатуллоҳ Охундзода-раҳбари ин гуруҳ барои нахустин бор дар ҷамъи сокинони Қандаҳор суханронӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Ҷалол-узви Комиссиюни фарҳангии Толибон дар тветте навиштааст, ки Охундзода дар мадрисаи Ҳакима дар Қандаҳор соъати шашу ними шоми рӯзи шанбе ҳозир шуд ва суханронӣ кард.
Ӯ гуфта тасовире низ аз суханронии раҳбари Толибон мунташир хоҳад шуд .

Ахиран гузоришҳое дар мавриди марги мулло  Ҳабатуллоҳ  дар расонаҳо мунташир шуда буд, аммо Толибон ин гузоришро такзиб кардаанд .
Раҳбари Толибон, ки акнун аз вай ба унвони амиралмӯъмининиИморати исломии Афғонистон ” ёд мешавад, таи солҳои ахир зиндагии махфӣ доштааст .
То кунун фақат як акси мунтасаб ба ӯ мунташир шудааст.
Чанде пеш Анас Ҳаққонй-узви аршади Толибон гуфта буд, ки мулло  Ҳабатуллоҳ  зинда аст ва дар Афғонистон ба сар мебарад, аммо аз тарси ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар байни мардум зоҳир нахоҳад шуд.

 

Барчасп