Ноябр 02, 2021 13:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳаром шудани тарошидани риш дар вилояти Ғӯри Афғонистон

Толибон дар Ғӯр тарошидани ришро ҳаром эълом кард.

Комиссиюни Дорулфатвои марказӣ ва маҷолиси фиқҳиву тахассусоти Толибон тарошидани риш дар ноҳияи Соғари вилояти Ғӯрро ҳаром эълом кардааст.

Дар номаи ин комиссиюн, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, омадааст: Комиссиюни Дорулфатвои марказӣ ва маҷолисии фиқҳиву тахассусот дар ноҳияи Соғари вилояти Ғӯр файсала кардааст, ки тарошидани риш аз дидгоҳи аҳодиси паёмбари Ислом ҳаром аст ва касе, ки риши худро метарошад, муртакиби гуноҳи кабира мешавад.

Ин комиссиюн навиштааст: Тарошидани риш аз дидгоҳи аҳодиси паёмбари Ислом ва китобҳои фиқҳӣ ҳаром ва шахси амалнакарда ба он муртакиби гуноҳи кабира мешавад ва мондани риш воҷиб аст.

 

 

 

 

Барчасп