Ноябр 03, 2021 13:43 Asia/Dushanbe
  • Бар асари инфиҷорҳои террористӣ дастикам 23 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд
    Бар асари инфиҷорҳои террористӣ дастикам 23 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд

Муовинати маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳамлаи террористӣ ба бемористони низомии Кобул, пойтахти ин кишварро маҳкум кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, муовинати маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон дишаб (сешанбешаб) дар баёнияе эълом кард, ҳадаф қарор додани кормандони беҳдошту дармон ва ғайринизомиёни афғонистонӣ нақзи ҳуқуқи башар ва қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аст.

Пештар Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешин ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии собиқи Афғонистон дар баёнияҳои ҷудогона ин ҳамлаи террористиро маҳкум карда буданд.

Дирӯз (сешанбе) бар асари инфиҷорҳои террористӣ муқобили бемористони низомии сардор Муҳаммад Довудхон дар минтақаи дипломатнишини Вазир Акбархони Кобул, дастикам 23 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп