Афзоиши наздик ба 40 дарсадии содироти барқи Туркманистон дар 9 моҳи 2021
Муовини нахуствазири Туркманистон дар нишасти кабина аз афзоиши содироти барқ аз январ то октябри соли 2021 хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс, Чоримурод Порчаков- муовини нахуствазир дар нишасти давлат аз афзоиши содироти барқ аз январ то октябри 2021 хабар дод .
Вай эълом кард ки вазорати энержии ин кишвар таи 10 моҳи соли 2021 арзаи барқ ба хориҷ аз кишварро 33.9 дарсад афзоиш додааст .
Ба гуфтаи ӯ шохиси рушди тавлиди барқ дар кишвар 111.7 дарсад буда ва ин дар ҳоле аст, ки Вазорати энержии Туркманистон беш аз 128 дарсад аз ҳадафи барномарезишударо таъмин кардааст .
Ҳамчунин дар нишасти давлат эълом шуд, ки гардиши молии тиҷорати хориҷии Туркманистон аз январ то октябри 2021 нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 14.6 дарсад афзоиш доштааст .
Сардор Бердимуҳаммадов-муовини нахуствазири Туркманистон дар нишасти давлат бо ироаи гузорише ба раиси ҷумҳӯри ин кишвар аз натоиҷи фаъолияти шуъбаҳои таҳти назорати худ, ин матлабро таъйид кард .
Бар асоси додаҳои эъломшуда рушди тавлиди нохолиси дохилии Туркманистон таи 10 моҳи гузашта ба 6.2 дарсад расидааст .