Дидори раисони Исфара ва Ботканд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Tue, 09 Nov 2021 05:09:57 GMT )
Ноябр 09, 2021 10:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони Исфара ва Ботканд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Раисони Исфара ва Ботканд дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам дидор карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс, Баҳоуддин Баҳодурзода ва Учқунбек Ҷурабоев дар ин дидор, ки душанбеи 8 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуд, роҷеъ ба наҳваи истифода аз роҳҳои иртиботӣ, поён додан ба сохтусозҳо дар манотиқи марзии аломатгузоринашуда ва тақсими манобеи об баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин ду тараф тавофуқ карданд, ки аз ҳар навъ ихтилофафканӣ ва низоъ миёни сокинони манотиқи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷилавгирӣ шавад.

 

 

Ин дар ҳоле аст, ки ҷониби Қирғизистон ахиран тарафи тоҷикистониро ба сохтусози таъсисоти зербиноӣ дар манотиқи марзӣ муттаҳам карда буд.

Бо вуҷуди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

 

Бештар бихонед: