Хатари фурӯпошӣ барои системаи беҳдоштии Афғонистон
Пас аз баста шудани захоири Бонки марказии Афғонистон аз сӯи Амрико, марокизи дармонӣ дар бахшҳое аз Афғонистон таътил ва дар пойтахти ин кишвар низ бисёре аз бемористонҳо бо камтарин имконот дар ҳоли фаъолият ҳастанд.
Ба гузориши “Франс -24”, бо итмоми захоири доруӣ, вазъияти бемористонҳои Афғонистон дар шароити номатлубе қарор гирифтааст.
Як парастори бемористони вазири Акбархон дар Кобул ба “Франс -24” гуфт: Дар гузашта мо барои беморони қалбӣ дар ин бемористон дору таҳия мекардем, аммо дар ҳоли ҳозир як қурси сода низ мавҷуд нест.
Пештар Салиби сурхи ҷаҳонӣ дар гузорише гуфта буд, ки беш аз 2 ҳазор маркази дармонии Афғонистон дар остонаи зимистон, ба далели надоштани таҷҳизоту дору фаъолияти худро таътил карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон, Амрико захоири Бонки марказии Афғонистонро масдуд карда ва гуфта, ки сиёсати ин кишвар адами иҷозаи дастрасии Толибон ба пули нақд аст.
Бештар бихонед: