Якмиллион кӯдаки афғон дар маърази хатари марги ношӣ аз камғизоӣ
Сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо баёни инки як миллион кӯдаки зери панҷ сол дар Афғонистон дар маърази хатари марги ношӣ аз набуди ғизо ҳастанд, хостори кумакҳои байналмилалӣ шуд.
Маргарет Харрис, сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи ҷумъа гуфт, камғизоӣ ҳамчунон чолиши рӯ ба рушд барои саломатӣ дар саросари Афғонистон аст.
Бар асоси эъломи сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, пешбинӣ мешавад, ки ҳудӯди 3.2 миллион кӯдаки зери панҷ сол то поёни соли дучори камғизоӣ шаванд, ҳамчунин ҳаддиақал як миллион аз ин кӯдакон бидуни дармони фаврӣ, дар маърази хатари марг бар асари камғизоӣ қарор доранд.
Ин мақоми Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин ба шуюъи сурхак дар Афғонистон дар соли 2021 ишора ва хотирнишон кард, «барои кӯдакони мубтало ба ғизоӣ кам, сурхаки ҳукм эъдом аст».
Пештар Сандӯқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, дар шаш моҳи нахусти имсол беш аз 460 кӯдак дар натиҷаи хушунатҳо дар Афғонистон ҷон бохтанд.
Чандин даҳа набард дар Афғонистон, раванди зиндагии бисёре аз сокинони ин кишварро дигаргун сохтааст. Ҷанги Афғонистон, ба сӯрати мустақим ва ғайримустақим бар кӯдакон асарҳои зиёнборе дошта, ки дар бархе рӯйдодҳо ҳатто ба маълулият онон анҷомидааст.
Дар канори набардҳо, солҳост, ки фақри иқтисодӣ ҳам аз масоиле буда, ки сабаб шуда то кӯдакон ногузир ба корҳои сахт рӯ биоваранд ва аз неъмати омӯзишу парвариш дур бимонанд.