Ҳузури 3 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даргириҳои Ховари Миёна
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i7741-Ҳузури_3_ҳазор_шаҳрванди_кишварҳои_Осиёи_Марказӣ_дар_даргириҳои_Ховари_Миёна
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар манотиқи ноороми Ховари Миёна се ҳазор нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 12, 2016 11:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 3 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар даргириҳои Ховари Миёна

Намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар манотиқи ноороми Ховари Миёна се ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши хабаргузори “Форс”, Питер Борян, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ дар нишасти минтақаии «Ҷилавгирӣ аз хушунату терроризм дар Осиёи Марказӣ» дар Қирғизистон гуфтааст, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 3 ҳазор ҷангҷӯ дар даргириҳои Ховари Миёна ҳузур доранд, ки ин теъдод баробар бо теъдоди ҷангҷӯёни кишварҳои Аврупо дар ин даргириҳост. Ин масъули Иттиҳоди Аврупо афзуд, бештари ҷангҷӯёни Ховари Миёна ба таври мустақим аз Осиёи Марказӣ ворид нашудаанд, балки дар даврони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалб ва озими манотиқи даргирӣ гаштаанд.

Борян гуфт: “Мо аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мехоҳем, ки дар чорчӯби ҳамкориҳо гуфтугӯ кунем, то барои ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ барнома дошта бошем”.