Декабр 01, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 28 миллиондолларии Финландия ба Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон

Финландия барои иҷрои тарҳҳои ҷадиди тавсеа ба Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 28 миллион доллар кумак мекунад.

Ин матлаб дар дидори мудири кулли бахши Русия, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Финландия бо Қадамбой Султонов, сафири Узбакистон баён шуд.

Мария Ливало эълом кард, дар ҳавзаи сиёсати хориҷии Финландия, дар ҳимоят аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Узбакистон авлавият дорад.

Дар поёни ин дидор ду тараф дар мавриди идомаи равобити корӣ ва ҳамкориҳои мутақобил дар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Узбакистон ва Финландия тавофуқ карданд.

Пештар Финландия ба кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон кумак карда буд.

Сафорати Узбакистон эълом кард, роҳбурди ҷадиди Вазорати умури хориҷаи Финландия барои солҳои 2021 ва 2024 мелодӣ кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар 3 соли оянда Финландия барномарезӣ мекунад аз тарҳҳое барои тавсеаи пойдории иқтисодӣ ва такмили мудирияти манобеи табиӣ ҳимоят кунад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп