Барканории шуморе аз масъулони вазорати тандурустии Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i78138-Барканории_шуморе_аз_масъулони_вазорати_тандурустии_Қирғизистон
Вазорати тандурустии Қирғизистон масъӯлони гуноҳкор дар фурӯши картаи воксани коронаро аз кор барканор кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 13, 2021 15:23 Asia/Dushanbe
  • Барканории шуморе аз масъулони вазорати тандурустии Қирғизистон

Вазорати тандурустии Қирғизистон масъӯлони гуноҳкор дар фурӯши картаи воксани коронаро аз кор барканор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар паи хариду фурӯши картаи воксани зидди Ковид - 19  теъдоде аз масъӯлони вазорати тандрустии Қирғизистон аз кор барканор шуданд .
Пеш аз ин  пас аз он ки хабарнигорон дар ин замина таҳқиқ карданд, ، вазорати ёдшуда ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард ва дар он дастур дода шуд то масъӯлони муҷрими фурӯши картаи ваксиносиунро шиносоӣ кунанд .

Дар Қирғизистон  картаи диҷитали ваксиносиуни корона бо ихтисоси як коди QR фардӣ аз моҳи июл содир мешавад .
То кунун дар Қирғизистон 1 миллиону 144 ҳазору 43 нафар навбати аввал ва 924 ҳазору 185 нафар навбати дувуми воксани коронаро тазриқ карданд .