Машварати Ҷабборов бо мақомоти Комиссиюни иқтисодии Авруосиё
(last modified Mon, 27 Dec 2021 06:29:49 GMT )
Декабр 27, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Машварати Ҷабборов бо мақомоти Комиссиюни иқтисодии Авруосиё

Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон ва раиси ҳайати мудӣраи Комиссиюни иқтисодии Авруосиё дар мавриди раёсати Бишкек бар ин иттиҳодия гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содир Ҷабборов-раиси ҷумҳӯри Қирғизистон бо Михаил Мясникович-раиси ҳайати мудираи Камиссиюни иқтисодии Авруосиё дар мавриди фаъолиятҳои муштарак дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва мавзӯъоти марбут ба таъмиқу густариши якпорчагӣ дар фазои Авруосиё табодул назар карданд .

Ҷабборов тамоюли тарафи Қирғизистонро барои баррасӣ ва таҷзияву таҳлили ҳамаи пешниҳодоти комиссиюн дар чорчӯби раёсати ояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар соли 2022 иброз кард .
Вай таъкид кард ки муҳим аст соли ояндаро ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ, тавсеаи каридорҳои ҳамлу нақл, густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ бо вуруд ба бозорҳои навидбахш ихтисос диҳем .

Мясникович низ ба навбаи худ ибрози умедворӣ кард, ки соли оянда таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар органҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё на танҳо барои иттиҳодия муваффақ бошад ,балки нақши муҳимме дар тавсеаи иқтисодии Қирғизистон ифо кунад .
Дар соли 2022 Қирғизистон раёсати иттиҳодияи Авруосиёро ба уҳда хоҳад гирифт .