Хариди коғаз барои масорифи давлатӣ дар Қирғизистон мамнуъ шуд
(last modified Thu, 30 Dec 2021 06:16:40 GMT )
Декабр 30, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
  • Хариди коғаз барои масорифи давлатӣ дар Қирғизистон мамнуъ шуд

Ба дастури раисиҷумҳури Қирғизистон хариди коғаз барои масорифи давлатӣ мамнуъ шуд.

Садир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон барои сарфаҷӯӣ дар масрафи коғаз, пешниҳод кард, бояд барои сабти ҷаласоти порлумон ба самти асноди электронӣ, рӯй овард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, фақат дар даҳ моҳи гузашта 840 ҳазор бастаи коғаз дар кишвар харидорӣ шуда, ки ҳудӯди ҳазор тон аст.

Вазорати додгустарии Қирғизистон яке аз созмонҳои давлатӣ аст, ки ба таври комил ба мудирияти асноди электрунӣ, рӯй овардааст.

Аз соли гузашта дафтари марказӣ ва тамомии идороти он ба сӯрати электрунӣ фаъолият мекунанд.

Пештар Иттиҳоди Аврупо12 миллион евро барои ҳимоят аз диҷиталӣ шудан ба Қирғизистон ихтисос додааст.