Дархости Толибон барои бозгардондани болгард аз мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Wed, 05 Jan 2022 12:35:45 GMT )
Январ 05, 2022 17:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости Толибон барои бозгардондани болгард аз мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон

Толибон хостори бозгардондани 40 фарванд болгарди Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбакистон шуд.

Муовини сухангуи ҳукумати Толибон мегуяд 40 фарванд болгарди Афғонистон дар паӣ суқути давлати пешин ба Тоҷикистон ва Узбакистон мунтақил шудааст.

Анъомуллоҳ Самангонӣ афзуд: Гуфтугӯҳо дар ин бора бо мақомоти тоҷик ва узбак оғоз шуд, аммо ин ду кишвар то кунун ин болгардҳоро ба Афғонистон таҳвил надоданд.

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангуи вазорати дифоъи Толибон низ гуфт: борҳо аз мақомоти ин ду кишвар хоста шуд то ин болгардҳоро ба Афғонистон таҳвил диҳанд.

Бар асоси омор, то пеш аз суқути давлати пешин, артиши Афғонистон 164 болгард дошт.