Январ 05, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон муддаъии ихроҷи ғайриқонунии 50 қирғиз аз Тоҷикистон шуд

Мақомоти марзбонии Қирғизистон муддаъи шудаанд, ки Тоҷикистон 50 қирғизӣ мутаваллиди ин кишварро, ки шаҳрвандии қирғизиро низ доштанд бидуни далел ихроҷ кардааст.

Ба гузори сомонаи Спутник, дар баёнияи марзбонии Қирғизистон таъкид шуда аст, ки ин 50 нафар дар ду марҳала аз ноҳияи Лахш дар шарқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ихроҷ шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин афрод мутаваллиди ноҳияи Лахши Тоҷикистон мебошанд, ки шаҳрвандии қирғизӣ низ гирифтаанд ва ҳамзамон дар зодгоҳи хеш зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандии тоҷикистонии хешро низ ҳифз карданд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон ба иддаои тарафи Қирғизистон посух надоданд.

Ихтилофи марзии Тоҷикистон Қирғизистон ва даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли 2021, ки сабаби кушта шудани 55 нафар ва захми шудани наздик ба 300 нафар аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

Дар пеш аз ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзӣ 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шуда аст.

Ихтилофи ин ду кишвар бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп