Эҷоди гуруҳи вижа барои баррасии воқеъаҳо ва муҳокимаи омилони нооромиҳои ахир дар Қазоқистон
(last modified 2022-01-09T14:06:59+00:00 )
Январ 09, 2022 19:06 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди гуруҳи вижа барои баррасии воқеъаҳо ва муҳокимаи омилони нооромиҳои ахир дар Қазоқистон

Расиси Ҷумҳурии Қазоқистон дастур дод гуруҳи вижа барои барраси  воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи афроди масъул дар эътирозоти кишвар ташкил шавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қосим Жомрат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон хостори эҷоди як гуруҳи вижа барои баррасии воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи оғозкунандагони иғтишошоти густарда дар ин кишвар шуд.

  • Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчунин дар робита бо вазъияти кунунӣ дар ин кишвар давлатро ба анҷоми чандин иқдомоти фаврӣ муваззаф кард.
  • Тоқаев хостори эҷоди як гуруҳи таҳқиқотии вижа муташакил аз намояндагони Додситонтт кул, Вазорати дохила, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои салоҳиятдор барои шиносоии иллати эҷоди ҳаводис, шиносоӣ ва муҷозоти кайфари ва идории ҳамаи афроди масъул шуд.
  • Вай Неруҳои мусаллаҳ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дохила, Горди миллӣ ва дигар сохторҳои муҷрии қонунро барои анҷоми иқдомот ҷиҳати афзоиши омодагии размӣ ва таҷҳизотӣ ва ҳифзи руҳияи сарбозон муваззаф кард.
  • Тоқаев дар идома аз устондорон хост, ки аз хонаводаҳои кормандони полис ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, ки дар ҷараёни иғтишошот дар ин кишвар кушта шуданд, ҳимояти моллии шойста кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши дигар ба Вазорати тавсеъаи диҷитолӣ, навоварӣ ва саноъати ҳавофазои кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати дохила бар асоси маркази тамоси 1414, як хатти мустақими ироаи итилоъот дар мавриди қурбониён ва афроди нопадидшуда дар натиҷаи иқдомоти гуруҳҳои ҷинояткор ба шаҳрвандонро созмондиҳӣ кунанд.

Тоқаев ҳамчунин  хоста аст, ки комисияҳо барои арзёбии мизони хисорати воридшуда дар натиҷаи иғтишошот эҷод ва бозсозии сохтмонҳои идорӣ, имконоти иҷтимоъӣ, сохтмонҳои истиқоматӣ дар Алмато ва дигар минтақаҳо пас аз собит шудани вазъият оғоз шаванд.

Ба фармондорони минтақаҳо дастур дода шавад кори хадамоти шаҳрӣ, ҳамлу нақли умумӣ ва таъсисоти зерсохтии иҷтимоъиро тасбит кунанд.

Тоқаев ҳамчунин хостори эҷоди тадобир барои ҳимояти давлатӣ аз шуғлҳои кучак ва миёна дар шаҳри Алмато ва дигар минтақаҳое, ки бар асари иғтишошот зарар диданд шуд.

Раиси Ҷумҳур Бонки миллӣ ва Ожонси танзим ва тавсеаи бозори молии ин кишварро муваззаф ба таъмини амалкарди пойдор ва бедуни вақфаи бонкҳо ва дигар муасисаҳои молӣ баъд аз собит шудани вазъият дар ин кишвар кард.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар  бахши дигар Вазорати умури хориҷаи ин кишварро муваззаф кард, ки равобити доимӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва дигар шурако дар мавриди ҳамаи масоили ҷории ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳифз кунанд.

 

Барчасп