Таҷаммуи эътирозии ҳомиёни Фаластин дар Женева
Сентябр 09, 2024 10:38 Asia/Dushanbe
Саҳоб - Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти Исроил ба Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии руди Урдун, тазоҳуроти густардае дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор шуд.
Ба гузориши ИРНА, мардуми Женева пеш аз роҳпаймоӣ ба самти кохи “Вилсон”, ки дафтари Комиссориёи олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар онҷо қарор дорад, дар яке аз майдонҳои аслии шаҳр таҷаммуъ карданд.
Тазоҳуркунандагон бо ҳамли парчами Фаластин ҳамалоти режими наслкуши Исроил ба Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ва ҷон бохтани ҳазорон инсони бегуноҳро маҳкӯм карданд.
Барчасп