Иҷрои тарҳи ТАПИ то поёни соли ҷорӣ дар Афғонистон оғоз мешавад
(last modified Mon, 17 Jan 2022 10:01:20 GMT )
Январ 17, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳи ТАПИ то поёни соли ҷорӣ дар Афғонистон оғоз мешавад

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон қарор аст тарҳи ТАПИ аз март (исфанд) –и соли ҷории мелодӣ дар Афғонистон оғоз шавад.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон эълом кардааст, ки вазири хориҷаи ин гуруҳ ва ҳайати ҳамроҳ бо муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Туркманистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон дар раъси як ҳайати баландпояи давлатӣ бо Рашид Муродов, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Туркманистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятӣ гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи Балхӣ, дар ин нишаст перомуни равобити дуҷонибаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, ҳамкориҳои амниятӣ, оғози ҳарчӣ зудтари пружаҳои ТАПИ, рушди тиҷорат ва фаъолияти бахши хусӯсӣ ройзанӣ шудааст.

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки нишасте дар мавриди пружаи ТАПИ дар 22 моҳи ҷории мелодӣ дар Кобул баргузор шавад ва кори пружаи ТАПИ ва тамдиди роҳи оҳан дар моҳи март (исфанд) соли ҷорӣ ифтитоҳ ва амалан оғоз шавад.

Ҳамчунон дар ин нишаст рӯйи афзоиши содироти санги мармар, меваи тоза ва хушк ва низ такмили пружаҳои хати оҳан дар Оқина ва Тургундӣ ва сармоягузорӣ рӯйи барқи бодӣ тавофуқ шудааст.

Хати лӯлаи Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳинд (англисӣ: TAPI) тарҳи интиқоли гази табиии Туркманистон аз масири Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд аст.

Сохти ин хати лӯла аз 15 декабри 2015 аз Туркманистон оғоз шудааст.

 

Бештар бихонед: