Январ 20, 2022 16:59 Asia/Dushanbe
  • Тарошидан ё кӯтоҳ кардани риш дар вилояти Бағлони Афғонистон мамнӯъ шуд

Як манбаи хабарии мардумӣ дар шаҳри Пули Хумрӣ-маркази вилояти Бағлон гуфт : Мақомҳои маҳаллии Толибон " тарошидану қайчй задани риш "-ро дар ин вилоят мамнӯъ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин манбаи хабарӣ афзуд, ки раёсати Идораи амр ба маърӯфи Толибон аз тамоми сартарошхонаҳои шаҳри Пули Хумрӣ хостааст, ки пас аз ин риши ҳеҷ шахсеро кӯтоҳ накунанд ва натарошанд .
Як сартарош дар шаҳри Пули Хумрӣ  бидуни зикри ном гуфт : " Дар як ҳафта дуюмин бор аст, ки тамом сартарошҳои шаҳри Пули Хумрӣ ба Идораи амр ба маъруф даъват мешаванд ва ба онҳо ҳушдор дода мешавад, ки риши мардонро кӯтоҳ накунанду натарошанд " .
Ин иқдоми Раёсати амр ба маърӯфи Толибон вокуниши сокинони шаҳри Пули Хумриро ба дунбол доштааст .
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин низ мақомҳои Раёсати амр ба маърӯф дар бархе дигар аз вилоятҳои Афғонистони маҳдудиятҳоеро барои мардону занон ҷорӣ кардаанд .

 

Барчасп