Январ 25, 2022 22:06 Asia/Dushanbe
  • Қатъи густардаи барқ дар Афғонистон ҳамзамон бо буҳрони барқ дар Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон

Ихтилол дар шабакаи интиқоли неру, пойтахт ва чандин вилояти Афғонистон бо хомушӣ ру ба ру кард.

Ба гузориши хабаргузори Тулуъ, ширкати барқрасонии Афғонистон  имрӯз сешанбе эълом кард, мушкили фаннӣ дар шабакаи интиқоли неруи Осиёи Миёна ва мутаъоқибан ихтилол дар интиқоли барқи воридоти аз Узбакистон ба Афғонистон далели хомӯшиҳо будааст.

Ширкати барқи Афғонистон бо судури баёнияе эълом кард, кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо вазъияти монанди Афғонистон ру ба ру ҳастанд ва коршиносони ин се кишвар дар ҳоли рафъи ин мушкил ҳастанд.

Ширкати барқрасонӣ аз интиқоли барқ аз Туркманистон ва  барқарории  дубораи расондани бақр дар бархе минтақаҳои Кобул хабар дод.

Афғонистон ба далели даҳҳо сол ҷанги дохилӣ ва мудохилаи низомии хориҷиҳо бо заъфи шадид дар зерсохтҳо ру ба ру аст ва ба ҳамин далел барои таъмини барқ ба дигар кишварҳо ниёзманд аст.

Барчасп