Январ 26, 2022 12:41 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқи воридотии Узбакистон: Кобул ва 16 вилояти Афғонистон бо камбуди барқ рӯ ба рӯ шуд

Ширкати барқи Афғонистон (Брешно) эълом кард, ба далели бурузи мушкили фаннӣ дар сомонаи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ содироти барқ аз Ӯзбакистон ба Афғонистон қатъ шудааст.

Ширкати барқи Афғонистон дар иттилоияе эълом кард, мушкили фаннӣ дар системаи барқрасонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада ва дар натиҷа интиқоли барқ аз Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон қатъ шудааст.

Ба гуфтаи ин ширкат, тимҳои фаннии ин се кишвар дар талоши рафъи мушкил ҳастанд.

Бо эҷоди ихтилол дар интиқоли барқ аз Ӯзбакистон ба Афғонистон, барқи бахшҳое аз шаҳри Кобул ва чандин вилоят низ қатъ шудааст.

 

 

 

 

 

Барчасп