Январ 28, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ракетии низомиёни покистонӣ дар вилояти Кунар: як кудак кушта шуд

Манобеи Толибон дар шарқи Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи ракетии низомиёни покистонӣ дар ноҳияе дар вилояти Кунар, як кӯдак ҷон бохт.

Ҳамдуллоҳ Ҳамдард, сухангӯи Толибон дар шарқи Афғонистон гуфт, дар ин ҳамлаи ракетӣ ба сокинон хисороти молӣ низ ворид шудааст.

Ба гуфтаи Ҳамдард, дар сурате, ки низомиёни покистонӣ ба ҳамалот дар навоҳии марзии Кунар идома диҳанд, неруҳои марзии Толибон низ посух хоҳанд дод.

 

Барчасп