Феврал 01, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Толибон аз ҳуқуқи шиаён дар Афғонистон

Волии вилояти Самангон дар Афғонистон аз ҳуқуқи шиаён дар ин кишвар дифо кард.

Абдурраҳмон Қундӯзӣ, волии Толибон дар вилояти Самангон дар нишасте бо бузургони шиаи ин вилоят бо таъкид бар зарурати эҳтиром ба ҳуқуқи шиъён дар Афғонистон гуфт, шиъён бахше аз миллати Афғонистон ҳастанд ва ҳеҷ каси ҳақ бе эҳтиромӣ ё тавҳин ба онҳоро надорад ва мо ҳам аз шиъён мехоҳем то аз низоми исломӣ ҳимоят кунанд.

Волии Самангон афзуд, ман аз шиаёну бузургони аҳли ташаюъи вилояти Самангон мехоҳам то ҳамбастагиро тақвият намоянд.

Қундӯзӣ дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, қавмият, нажод ва мазҳаб барои Толибон матраҳ нест, балки ҳама афғон ва бародар ҳастем.

Пас ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар 15 августи 2021 шиъён чандин бор ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифтанд.

Дар охирин ҳамла ба шиъён дар Афғонистон, ки ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, 16 нафар - чаҳор зан ва ду мард бар асари инфиҷори бомби миғнотисӣ кушта ва даҳ нафари дигар дар Ҳирот захмӣ шуданд.

 

Барчасп