Музокироти мақомҳои тоҷику узбак дар Тошканд
(last modified Thu, 17 Nov 2016 11:10:56 GMT )
Ноябр 17, 2016 16:10 Asia/Dushanbe
  • Музокироти мақомҳои тоҷику узбак дар Тошканд

Вазири умури хориҷии Узбакистон ва муовини аввали вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон масоили марбут ба манобеи обро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.

Ба гузориши “CA News”, Вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов, шомгоҳи чаҳоршанбе дар Тошканд муовини аввали вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон Султон Раҳимзодаро ба ҳузур пазируфта, ду тараф дар ин дидор дидгоҳҳои худро дар бораи истифодаи мантиқии ду кишвари ҳамсоя аз манобеи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ баён доштанд. Қабл аз ин дидор низ дар Тошканд мулоқоти вазири умури хориҷии Узбакистон бо муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Муҳаммадшарифи Ҳақдод баргузор шуда буд ва ду тараф масоили марбут ба таъйини ҳудуди марзии ду кишварро баррасӣ карда буданд.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон сохтмони садди нерӯгоҳи “Роғун”, баландтарин садди хокӣ дар ҷаҳон шурӯъ шуд. Узбакистон дар даврони Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар, ки моҳи сентябр даргузашт, бузургтарин мухолифи сохта шудани ин сад буд.