Тасмими Байден дар бораи пули афғонҳо аҷибу хандорвар аст
(last modified Tue, 15 Feb 2022 17:14:58 GMT )
Феврал 15, 2022 22:14 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Байден дар бораи пули афғонҳо аҷибу хандорвар аст

Суханги дафтари сиёсии Толибон, тасмими ахири раиси Ҷумҳурии Амрико аҷибу хандовар хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммаднаъим гуфт: Супурдаҳои Афғонистон дар бонкҳои амрикоӣ мутаъалиқ ба мақомоти ҷунбиши Толибон нест, балки мутаъалиқ ба мардум аз ҳамаи ақшор аст.

Вай аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба гуфтаи вай амрикоиҳои хирадманд дархост кард, ки дар қадами аввал дар ҳимоят аз башарият ва низ ба манзури ҳифзи ҳуқуқи занон ва кудакони афғон дар баробари тасмими Байден бистанд.

Сухангуи дафтари сиёсии Толибон афзуд: Ҳеҷкас ҳақ надорад монеъи бозпасгирии пули мардуми Афғонистон шавад ва ҳеҷ кас ҷуз давлати феълӣ наметавонад намояндаи хостаҳои мардуми Афғонистон аз ҷумла тасмимгирӣ дар бораи наҳваи масрафи пули онҳо бошад.

Ӯ ҳамчунин гуфт: Мушкиле, ки мардуми мо бо он ру ба ру ҳастанд бисёр бештар аз он чизе аст, ки давлат бо он ру ба ру аст.

Наъим афзуд: Шунидед, ки тасмими Амрико муқадимоти аст ва ниҳоӣ нест ва гомҳои дигар низ вуҷуд дорад, ки интизор дорем ба нафъи мардуми Афғонистон бошад ва дороиҳоӣ молии масдудшудаи мардуми Афғонистон дар бонкҳои амрикоӣ озод шавад.