Феврал 18, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 80 миллиондолларии Сандуқи тавсеаи Арабистон дар Қирғизистон

Арабистони Саудӣ 80 миллион доллар дар Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Эркинбек Осоев, вазири нақлиёти Қирғизистон бо ҳайати Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ ба раёсати Сауд Ашшумори, мудири кулли амалиёти Осиё дидор ва дар мавриди пружаҳои бозсозии ҷоддаҳо дар Қирғизистон гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарҳҳои сармоягузории ҷорӣ ва барномарезишуда барои бозсозии ҷодаҳо баррасӣ шуд ва Сандуқи тавсеаи Арабистон низ феҳристе аз пружаҳои муҳим барои бозсозии ҷоддаҳо дархост кард.

Дар ҳоли ҳозир Сандуқи тавсеаи Арабистон 45 миллион доллар барои бозсозии ҷоддаҳои Қирғизистон харҷ кардааст.

Ҳамчунин Сандуқи тавсеаи Арабистон ба унвони бахше аз гуруҳи ҳамоҳангии арабӣ, иҷрои пружаи бозсозии роҳи камарбандии Иссиккӯлро ба маблағи 35 миллион доллар оғоз кард.

Ин созмон то кунун 170 миллион доллар ба Қирғизистон кумак кардааст.

 

Барчасп