Гузориши ФАО дар бораи амнияти ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ
(last modified Tue, 22 Nov 2016 07:54:35 GMT )
Ноябр 22, 2016 12:54 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ФАО дар бораи амнияти ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ

Созмони ғизо ва кишоварзии ҷаҳонӣ (ФАО) дар гузорише мавзӯи амнияти ғизоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “СА-нюс”, ФАО таъкид кардааст, ки пас аз истиқлоли Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар соли 1991, ин кишварҳо бо коҳиши шадиди тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва воридоти анвои маводи ғизоӣ рӯбарӯ шуданд.

 Аммо аз соли 2000-ум раванди афзоиши нисбии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ оғоз ва сабаб шуд, ки ниёзи мардум бо маводи ғизоии дохилӣ таъмин шавад.

 Дар бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ наздик ба 60 дарсади ҷамъият дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунанд ва афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ба решакан шудани фақр, корофаринӣ ва беҳбуди сатҳи маишати ин гурӯҳ аз ҷомеа иртибот дорад.

Баррасии ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар 20 соли ахир дар Узбакистон ва Тоҷикистон 3 баробар ва дар Қирғизистон 2 баробар шудааст.

Аз сӯйи дигар, дар ин солҳо рушди ҷамъият ба таври миёна дар ҳар 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар сол байн 1,5 то 2 дарсад будааст.

Дар ҳоле, ки дар бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ тавлиди гандум, себзаминӣ, мева ва сабзиҷот, шир ва маҳсулоти домӣ дар 20 соли ахир афзоиш ёфтааст, дар ду ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳанӯз ҳам камбуди гандум вуҷуд дорад, ки аз ҳисоби воридот аз Қазоқистон ҷуброн мешавад.