Табрики Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Сардор Бердимуҳаммадов барои пирӯзӣ дар интихобот
(last modified 2022-03-15T13:38:19+00:00 )
Март 15, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Табрики Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Сардор Бердимуҳаммадов барои пирӯзӣ дар интихобот
    Табрики Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба Сардор Бердимуҳаммадов барои пирӯзӣ дар интихобот

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон бо ирсоли паём пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадов дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркманистонро табрик гуфтанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паём пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии мунтахаби Туркманистонро табрик гуфт.

  • Дар паёми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон омада аст: Натиҷаи интихобот ҳоки аз нуфуз ва эътибори болои сиёсии шумо ва ҳамчунин ҳимояти мардум аз сиёсате аст ки дар Туркманистон ба манзури рушди ҳамаҷониба дар абъоди иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва таҳкими мавозеъи байналмиллалии кишваратон мебошад.
  • Эмомалӣ Раҳмон бар ин нукта таъкид кард, ки Тоҷикистон ба равобити ҳамкориҳои дустона миёни ду кишваре, ки асли мушорикати стратегиро ташкил медиҳад аҳамияти зиёд қоил аст.

Дар бахши дигар аз ин паём омада аст: Бо истифода аз фурсат моилам алоқамандии хешро нисбат ба таъомулоти наздики муштарак дар ростои тавсеаи ҳарчи бештари муносибатҳо байни ду кишвар бар мабнои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоди мутақобил таъкид кунам.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои раиси Ҷумҳурии Туркманистон саломатӣ ва дар анҷоми масъулиятҳои раҳбарии ин кишвар мувафақият орзу кард.

  • Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон низ пирӯзии Сардор Бердимуҳаммадов дар интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Туркманистонро табрик гуфт.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки рӯзи 12 март баргузор шуд Сардор Бердимуҳаммадов писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии кунунии Туркманистон бо касби 72.79 дарсад раъй раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Бино бар эъломи Комисиони марказии интихоботи Туркманистон дар интихоботи рӯзи шанбе беш аз 3.3 миллион райдиҳанда ширкат карданд, ки муъодили 97.19 дарсад аз шахсоне дорои ҳақи раъй дар ин кишвар аст.

 

Барчасп