Боздошти 29 мубаллиғи Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Русия
(last modified Tue, 22 Nov 2016 10:22:05 GMT )
Ноябр 22, 2016 15:22 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 29 мубаллиғи Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Русия

29 нафар аз мубаллиғони Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Русия боздошт шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз “Азия плюс”, 29 нафар аз мубаллиғони Ҷамоати Ансоруллоҳ дар вилояти Перми Русия боздошт шудаанд, ки 27 нафари онон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ду нафар аз онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд.

Ин афрод, ки манобеи хабарӣ номи онҳоро мунташир накардаанд, ба иттиҳоми таблиғи афкори ин гурӯҳи вобаста ба Алқоида боздошт шудаанд.

Дафтари Хадамоти федералии амнияти Русия дар вилояти Перм эълом кард, ин афрод дар пайи ҷазби нерӯҳои ҷадид ва тарғиби онҳо ба ширкат дар даргириҳои низомии Афғонистон будаанд.

 Дар пайи ин боздошт, ду шаҳрванди рус дастгир шуда, ба пардохти ҷарима муваззаф ва шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ афзун бар пардохти ҷарима аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Ҷамоати Ансоруллоҳ бахше аз Алқоида аст, ки солҳои 2008-2009 аз сӯи як табааи тоҷикистонӣ дар Покистон созмон ёфт ва ағлаб аъзои он низ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Дар соли 2012 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин гурӯҳро мамнуъ эълом кард ва онро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дод.