1.5 дарсад нархи таваруми Узбакистон дар моҳи март
1.5 дарсад нахри таваруми Узбакистон дар моҳи март
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, нархи маводи ғизоӣ 2.5 дарсад ва колоҳои ғайриғизоӣ 1.1 дарсад ва хадамот 0.4 дарсад афзоиш ёфта аст.
Аз шуруъи соли ҷорӣ нархи колоҳои маводи ғизоӣ 4.4 дарсад ва колоҳои ғайриғизоӣ 2.1 дарсад ва хадамот 1.5 дарсад афзоиш ёфта аст.
Дар моҳи марти соли 2022 донагиҳо 9.7 дарсад, меваҷот ва хушкмева 2.4 дарсад қимат шуда аст.
Бар асоси гузориши Кумитаи омори Узбакистон шакар бо сабти афзоиши 12.8 дарсад нарх, рекорддори қиматии колоҳои асосии маводи ғизоӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ буд.
Нархи он дар 3 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 14.5 дарсад афзоиш ёфта аст.
Нархи равғани пахта дар як сол 28.9 дарсад ва ба хусус дар моҳи март 2.1 дарсад афзоиш ёфта аст, ҳамчунин равғани офтобгардон дар як сол 26.9 дарсад ва дар моҳи гузашта 3.1 дарсад қимат шуда аст.