Коҳиши молиёт бар даромади шаҳрвандони хориҷии муқими Узбекистон
Апрел 12, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
Бино ба ҳукми раисиҷумҳури Узбекистон, нархи молиёт бар даромади шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфт.
Ба гузориши Форс, бино ба ҳукми Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон, нархи молиёт бар даромади шаҳрвандони хориҷӣ коҳиш ёфт.
Тибқи ин санад, аз аввали моҳ майи соли ҷории милодӣ, молиёт бар даромади афроди ғайри муқим, ки аз манобе дар Узбекистон дарёфт мешавад, 12 дарсад (қаблан то 20 дарсад) таъйин шудааст.
Ҳамзамон бо ин, аз аввали июли соли ҷории милодӣ тасҳилот дар мавриди аворизи гумрукӣ фақат тибқи қонӯни ироа хоҳад шуд.
Дар ин миён, иқдомоти зиддиинҳисорӣ барои корофариноне, ки даромади фурӯши онҳо дар соли гузаштаи милодӣ аз сатҳи 238 ҳазор доллар фаротар нарафтааст, эъмол намешавад.
Барчасп