Апрел 15, 2022 15:18 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Ховар”, дар гуфтугӯи телефонии Сироҷиддини Муҳриддин бо Руслан Қазоқбоев дар мавриди ҳодисаи 12 апрел дар минтақаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, гуфтугӯ шуд.

Сироҷиддини Муҳриддин амалкарди марзбонони Қирғизистонро маҳкум кард ва хостори оғози таҳқиқоти воқеӣ дар мавриди ин ҳодиса ва муҳокимаи омилони он шуд.

Дар ин гуфтугӯ тарафайн ҳамчунин дар мавриди нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 13 май дар Душанбе баргузор мешавад, табодули назар карданд.

 

Барчасп