Май 11, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қирғизистон ва Арабистон бар тақвияти равобити парлумонӣ

Сафири Қирғизистон бо раиси Кумитаи даҳуми Маҷлиси Шурои подшоҳии Арабистон ба сурати маҷозӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Форс”, Улуғбек Марипов, сафири Қирғизистон дар Арабистон ба сурати видеоконфронс бо Алӣ Бин Муҳаммад бин Яҳё Ассареъ, раиси Кумитаи даҳуми маҷлиси шуро (парлумон) - и подшоҳии Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин бо аъзои Кумитаи гуруҳи дӯстии парлумонии Арабистону Қирғизистон дидор кард.

Дар ин дидор тарафайн бо хурсандӣ хотирнишон карданд, ки соли 2022 сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Қирғизистону Арабистони Саудӣ ва вазъияти феълии ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин заминаҳои феълии равобити ду кишвар, ба вижа равобити байнипарлумониро баррасӣ карданд.

Кумитаи даҳуми маҷлиси шуро (парлумон)-и Арабистони Саудӣ муташаккил аз 13 узв аст. Фаъолиятҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби дӯстии байнипарлумонӣ шомили кишварҳои Иморот, Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Яман, Чин, Корея, Муғулистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон аст.

 

Барчасп