Узрхоҳии мақоми собиқи давлати Афғонистон аз мардум
(last modified Fri, 20 May 2022 13:41:17 GMT )
Май 20, 2022 18:41 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии мақоми собиқи давлати Афғонистон аз мардум

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии ҳукумати пешини Афғонистон барои нахустин бор аз нақшаш дар суқути ҳукумати қаблӣ узрхоҳӣ кард.

Узрхоҳии мушовири амнияти миллии давлати пешини Афғонистон аз мардуми ин кишвар дар ҳоле аст, ки бисёре аз шаҳрвандону низомиёни пешин мегӯянд: Ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар натиҷаи муомила сурат гирифтааст ва мақомоти ҳукумати пешин қудратро вогузор кардаанд.

Ҳамдуллоҳ Муҳиб дар воқеъ бори дигар фирори худу Ашраф Ғанӣ аз Кобулро тавҷеҳ кард.

Ӯ гуфт, ба иллати ҷилавгирӣ аз "ҷанги кӯча ба кӯча" чорае ҷуз тарки Афғонистон надоштанд. Ашраф Ғанӣ бо фирор аз Афғонистон муодилаи интиқоли қудрат бо Толибонро барҳам зад.

Гуфта мешавад, ки қарор буда қабл аз суқути Кобул (15 август) Ашраф Ғанӣ бо ҳузури мақомоти баландпоя ба Қатар бираванд ва бо раҳбарони Толибон дар хусуси интиқоли қудрат ба тавофуқи ниҳоӣ барисанд.

 

Бештар бихонед: