Июн 15, 2022 09:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳувияти аслии гурӯҳи Толибон, қавми Паштун аст
    Ҳувияти аслии гурӯҳи Толибон, қавми Паштун аст

Толибон бо ҳадафи тақвияти ҳамбастагӣ байни гурӯҳҳои нажодӣ ва қавмии Афғонистон, дар Қандаҳор гирдиҳамоии ваҳдати ақвом ва қабоил баргузор кард.

Гирдиҳамоии ваҳдати ақвом ва қабоил дар вилояти Қандаҳор бо ҳузӯри уламо, бузургони ақвом, масъулони вилоятӣ бо ҳадафи ҳимоят аз ваҳдати байни ақвоми сокини Қандаҳор баргузор шуд.

Абдуррашиди Муниб, раиси истихбороти Қандаҳор дар суханоне гуфт, тамоми мақомоти ин вилоят ба рифоҳ ва амнияти мардум муттаҳид буда ва ба ҳеҷкас иҷозаи  қонун шиканиро нахоҳанд дод.

Муниб афзӯд: Узви умумии эълом шуда ва ҳеҷкас ҳақ надорад мақомоти ҳукумати пешинро маҳкум ва тувбих кунад ва барои онҳо мушкилот эҷод намоянд.

Давлати Толибон, ки аз  тобистони гузашта қудратро дар Афғонистон муҷаддадан дар ихтиёр гирифтааст, бо мавҷе аз шикоф дар байни ақвоми  Афғонистон мувоҷеҳ шудааст.

Дар наздик ба як соли гузашта, сиёсатҳои Толибон дар идораи умури Афғонистон сабаб шуда то ин бовар дар байни ақвом ва қабоили мухталифи ин кишвар тақвият шавад, ки ҳамаи ақвом дар фароянди тасмимгири ва иҷроӣ имкони дахолат надоранд ва давлати Толибон танҳо бо иттико ба як андешҳаи хос, дар Афғонистон ҳукмрони мекунад.

Ҳувияти аслии гурӯҳи Толибон, қавми Паштун аст. Пас аз суқути давлати Муҳаммад Ашраф Ғаннӣ раиси ҷумҳӯри собиқи Афғонистон, ки дар соли гузашта ҳукуматаш бо тасаллути Толибон бар ин кишвар фурӯпошид, ин гумона матраҳ шуд, ки давлати Толибон ҳама ақвоми ин кишварро дар арсаи қудрат,  мушорикат нахоҳанд дод.

Амалкарди Толибон дар наздик ба яку соли гузашта ҳам исбот кардааст,  ки ин гурӯҳ тамоили чандоне ба дахил кардани ҳама ақвом дар қудрат ва ташкили давлати фарогир дар Афғонистон надорад, ки ин масъала сабаб шуда то навъе аз ҳамгусастагии қавӣ дар ин кишвар падидор шавад, ки ин масъала метавонад осори баъди  иҷтимоъӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ  ва сиёсӣ ба дунбол дошта бошад.

Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки  ба рағми вобастагии ҳастаи аслии Толибон ба қавмӣ Паштун, ки акскарияти ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳад, аммо ҳама паштунҳо аз ин гурӯҳ ҳимоят намекунанд ва муътақиданд давлати Толибон дар қавмӣ Паштун ҳам дар мансабҳои иҷроӣ роҳ пайдо накардаанд.

Дар шароите, ки давлати Толибон танҳо бо бахше аз қавмӣ Паштун дар таомул ва ҳамкорӣ дар арсаи ҳукуматдори дар Афғонистон аст, табиӣ аст, ки дигар ақвоми ин кишвар шароите ба маротиб бадтар дар мушорикат дар умури идории Афғонистон доранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба интиқодҳои густардаи дохилӣ ва хориҷӣ аз тамомиятхоҳиии  давлати Толибон ва адами таҳақуқи ваъдаи худ барои ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом дар Афғонистон ин гумона матраҳ аст, ки шикофи байни ақвом дар ин кишвар метавонад ба таҳдиде барои ҳокимияти ин кишвар табдил шавад.

Бар ҳамин асос аст, ки давлати маҳалии Толибон дар Қандаҳор нишасте баро эҷоди ҳамгароӣ ва ваҳдат байни ақвоми мухталиф дар ин вилоят баргузор кардааст то битавонанд бахше аз ҷудо шудани байни қавмӣ дар Афғонистон пас аз ҳокимияти муҷаддади Толибон дар ин кишварро тармим кунад.

Дар чанд моҳи гузашта бетаваҷҷӯҳии давлати Толибон ба матолиботи бахше аз ҷомеъаӣ Афғонистон аз ҷумла қавмӣ Ҳазора дар таъмини амнияти онон ва бадрафтории нерӯҳои ин гурӯҳ бо дигар ақвом сабаби сар задани эътирозҳои ҷидди ба мақомоти аршади Толибон шудааст.

Ба назар мерасад чунон чӣ Толибон сиёсати қавмгаронаи худ дар ҳукумати Афғонистон тағири накарда ва онро канор нагузорад, наметавонад заминае барои ваҳдати ақвом ва қабоил дар ин кишвар муҳаё кунад.

Бештар бихонед: 

 

 

 

Барчасп