Таҳлил: Чашми умеди Толибон ба ҳамсоягони Афғонистон
Узви аршади Дафтари сиёсии давлати Толибон дар Қатар аз кишварҳои минтақа ба вижа ҳамсоягони Афғонистон хост то мунтазири Ғарб набошанд ва ҳукуматро ба расмият бишносанд.
Саҳили Шоҳин муддаӣ шуд: Дар ҳоле,ки давлати Толибон ҳама шароити ба расмият шинохтанро доро буда ва дар сурати таҳақуқи ин мавзӯъ заминаи ҳамкории байни ҳукумати Толибон ва соири кишварҳо фароҳам мешавад, набояд ҳеҷ мавзӯъи садди роҳи ба расмият шинохта шудани Толибон гардад чаро, ки ба гуфтаи вай ба расмият шинохтани Толибон ба вижа аз тарафи кишварҳои ҳамсоя ба нафъи ҳама аст.
Саҳили Шоҳин гуфт: Ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон хости тамоми мардуми Афғонистон аст. Ба боварии вай Толибон бештар хостаҳои мардуми Афғонистонро бароварда кардаанд ва ҳоло ин худи мардуми Афғонистон ҳастанд, ки хоҳони ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон аз тарафи ҷомеъаӣ ҷаҳони ва кишварҳои ҳамсоя ҳастанд.
Пас аз бепосӯх мондани дархости давлати Толибон аз кишварҳои ғарбӣ барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ ба унвони ҳокимияти ҷадид дар Афғонистон, сабаб шуда то инбор Толибон даст ба домани кишварҳое шавад то онон ин гурӯҳро ба расмият бишиносанд.
Давлати Толибон, ки аз тобистони гузашта қудратро дар Афғонистон муҷаддадан дар ихтиёр гирифтааст, дар даҳ моҳи гузашта талошҳои барои мутақоид созии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои пазириши ба расми ҳокимияти ин гурӯҳ ба дари баста хурдааст.
Толибон, ки муддатҳо барои ба дастовардани қудрат дар Афғонистон ҷангафрӯзи кард, ҳеҷгоҳ ин тасавурро надошт, ки бо табдил шудан ба қудрати баргузида дар ин кишвар бо мушкиле ба номи адами тамоили ҷомеъаӣ байналмиллалӣ барои шиносоии расмии ҳокимияташ дар Афғонистон мувоҷеҳ шавад.
Чолишҳои ноши аз адами ҳамкории ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо давлати Толибон дар Афғонистон агар ба андозаи масоиби пирӯзи дар бист соли ҷанг дар ин кишвар душвор набошад, кучиктарҳам нест ва дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳ барои тадовуми ҳукумат ва бақои худ ба шиносоии расмии ҳокимияташ дар Афғонистон аз тарафи дигар кишварҳо ниёзи фаровон дорад.
Нобудшудани бахши умдаи зерсохтҳои Афғонистон дар тӯли чанд даҳҳаи ҷанги дохилӣ ва ишғоли хориҷӣ, муҳоҷират ва адами бозгашти афроди таҳсилкарда ва фиқдони саноъеи мавриди ниёз барои таъмини ниёзҳои ҷомеъа муҷиб шуда то ин кишвар ба шиддад ба воридоти колоҳои мухталиф ба хусӯс маводи ғизоӣ ва доруӣ ва ҳамчунин кумакҳои байналмиллалӣ муҳтоҷ бошад.
Вобастагии ҳудӯди 70 дарсади будҷаи солиёнаи Афғонистон ба кумакҳои хориҷӣ танҳо бахше аз мизони иттикои ин кишвар ба хориҷ аст, ки ин масъалаи давлати Толибонро ба шиддат гирифтор кардааст.
Дар шароите, ки дороии ҳудуди 10 миллиард долларии Бонки Марказии Афғонистон тавассути Амрико булука шудааст ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ зимни қатъи бахши умдаи кумакҳо ба он кишвар даричаи ҳамкори ва таъомулро бо Толибон баста нигаҳ доштааст, ин гурӯҳ барои идораи умури Афғонистон вориди марҳилаи хеле сахт шудааст, ки метавонад сахтии бесуботи ва ҳарҷу марҷро дар Афғонистон афзоиш диҳад.
Давлати Толибон ба далели бе таваҷҷӯҳи ба хостаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон, риояти мавозини демократи ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ бо посухи манфии кишварҳои ғарбӣ барои пазириши расмии ҳокимияти Толибон рӯ ба рӯ шудааст ва идомаи ин шароит барои ин гурӯҳ мухотираомез аст.
Давлати Толибон ҳоло чашми умед ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон духтааст то онон дар масири шиносоии расмии ин гурӯҳ пешқадам шаванд ва ин иқдом бо гушудани панҷараҳои ҳамкории дуҷониба, дасти кам бахше аз мушкилоти Толибонро ҳал мекунад.
Бештар битонед: