Июн 26, 2022 10:13 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Узбекистон ба зилзилазадагони Афғонистон

Узбекистон кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Қобилҷонов-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Узбекистон эълом кард : Узбекистон барои ироаи кумак ба зилзилазадагони Афғонистон бино ба дастури Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯр ба ин кишвар кумакҳои башардӯстонае ирсол кард .
Вай афзуд : Ҳавопаймойи ҳомили 74 тон кумакҳои башардӯстона шомили маводи ғизоӣ, колоҳои мавриди ниёзи аввалия, доруҳову таҷҳизоти пизишкӣ аз Тошканд ба сӯи Афғонистон парвоз кард .
Бар асоси охирин омор дар натиҷаи зилзила, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон рух дод ҳудуди 1150 нафар ҷон бохтанд ва 1500 тан маҷрӯҳ шуданд.

 

Барчасп