Июл 05, 2022 09:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил. Нақшу дахолати бегонагон дар бурузи нооромиҳо дар Узбакистон

Давлатҳои бегона, ки барои нуфуз дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҳеҷ талоше фурӯгузор намекунанд, ахиран фурсати дигаре ба даст овардаанд то бо қурбонӣ кардани Узбакистон, аҳдофи худро дар минтақа як гоми дигар ба пеш бибаранд.

Дар ҳамин иртибот, рӯзи ҷумъаи гузашта, ҳазорон нафар аз сокинони ҷумҳурии худмухтори  Қарақалпоқистон, дар эътирозоти бесобиқае ба тарҳи пешнависи ислоҳи қонуни асосии Узбакистон ба хиёбонҳо омаданд ва ба даргирӣ бо полис иқдом карданд. Таҷаммуи рӯзи ҷумъаи гузашта дар минтақаи Қарақалпоқистон, дастикам 18 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ дошт.

Дар пайи даргирии муътаризон бо полис, вазорати кишвари Узбакистон бо интишори баёнияе эълом кард: Сокинони минтақаи Қарақалпоқистон (Karakalpakstan) дар натиҷаи як бадфаҳмӣ аз ислоҳоти қонуни асосӣ, ба эътирозоти хиёбонӣ иқдом карданд.

Нуктаи қобили тааммул дар иртибот бо эътирозоти мардумӣ дар як ҷумҳурии худмухтори Узбакистон ин воқеият аст, ки давлати Тошканд пешнависи тарҳи анҷоми тағйирот ва ислоҳоти қонуни асосиро аз тариқи расонаҳо дар ихтиёри мардум қарор додааст то мутолиа кунанд ва бо огоҳӣ дар пойи сандуқҳои раъйгирӣ ҳозир шаванд.

Дар ҳамин иртибот, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон низ дар суханоне, гуфтааст: Пешнависи тарҳи ислоҳи қонуни асосӣ, ки барои баҳсу баррасӣ дар ихтиёри мардум қарор гирифт, ҳануз тасвиб нашуда ва бар асоси хостаҳо, пешниҳодот ва назароти шаҳрвандон ин тарҳ тағйир ва такмил хоҳад шуд.

Маҷлиси миллӣ, Шӯрои вазирон ва Вазорати кишвари минтақаи худмухтори Қарақалпоқистони Узбакистон ҳам, дар вокуниш ба эътирозот дар ин минтақа, бо интишори баёнияе эълом карданд: Як гуруҳи ҷинояткор барои ба даст гирифтани қудрат дар ин минтақа дар талош аст.

Вазорати кишвари Узбакистон дар баёнияи ахири худ ҳамчунин эълом кардааст, ки бахше аз муътаризон талош доштанд, ба биноҳои давлатӣ ворид шаванд ва ин маконҳоро ба тасарруф дароваранд. Бо вуҷуди он ки давлати Узбакистон то рӯзи душанбе (4 июл) дар заминаи иртиботи бегонагон бо муътаризин изҳори назаре накардааст, аммо аз шеваи эътирозоти мардумӣ дар ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон мушаххас аст, ки беиртибот бо нақшу дахолати бегонагон набудааст.

Пеш аз ин ва дар моҳи январи соли ҷории мелодӣ дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон (Қазоқистон) низ муътаризин бо тасарруфи биноҳои давлатӣ талош доштанд давлати Қосим Жоомарт Тоқаев, раисиҷумҳурии Қазоқистонро сарнагун кунанд.

Давлати Қазоқистон пас аз бозҷӯӣ аз муътаризин эълом кард, бархе давлатҳои бегона бо кумаки як кишвари минтақа, талош доштанд зимни сарнагунии давлати Тоқаев, давлати ғарбгарое рӯи кор биоваранд то гӯш ба фармони давлатҳои бегона ба таблиғоти ғарбгароёна, пантуркистӣ ва исломситезона ва мухолифи Русияро дунбол кунад.

Аз шеваи эътирозоти муътаризин мушаххас аст, ки давлатҳои Амрико, Англия, Исроил, бо кумаки як кишвари минтақа, ки худро дар масоили Осиёи Марказӣ зинафъ тасаввур мекунад, ҳидояти эътирозотро ба уҳда доштанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2005 низ давлати вақти Узбакистон шоҳиди эътирозоти бисёр камсобиқае буд. Амрико, Англия ва бархе аз давлатҳои бегона ба таври расмӣ аз эътирозоти зиддидавлатӣ дар минтақаи Андиҷон дар хоки Узбакистон ҳимоят карданд.

Ҳадафи давлатҳои бегона аз ҳимоят аз муътаризин ва талош барои инқилоби рангӣ дар Осиёи Марказӣ, ворид сохтани фишор ба Русия бо кумаки давлатҳои ин манотиқ бидуни сарфи ҳазина аст. Дар иртибот бо дахолатҳои давлатҳои бегона дар умури ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, бисёре аз коршиносон ба ифшои аҳдофу хостаҳои бегонагон иқдом кардаанд.

Ба унвони мисол, пештар, Дмитрий Александров, коршиноси рус дар пахши зиндаи радиои "Спутник" гуфта буд: "Амрикоиҳо ва британияиҳо дар соли 2005 шӯриши Андиҷонро, ки тавассути як гурӯҳаки ифротӣ ва шибҳинизомӣ тадорук дида шуда буд, ҳимоят карданд. Раҳбарони давлати Тошканд низ ҳечгоҳ рӯйдодҳои ғамангезу фоҷеабори Андиҷонро фаромӯш нахоҳанд кард".

Ин коршиноси рус дар айни ҳол, бо эъломи ин воқеият, ки давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико бо иттихози сиёсати “ҳамачиз дар Осиёи Марказӣ муфту ҳам гарон аст”, барои сармоягузорӣ дар ин минтақа камтар аз худ тамоюл нишон медиҳанд. То ин даста аз давлатҳои султагар сирфан "ба рӯи кор овардани сиёсатмадорони мутамоил ба Ғарб, дар Осиёи Марказӣ ҳозир ба сармоягузориҳои андак ҳастанд.

Бар асоси саршумории соли 2021, ҷамъияти Узбакистон ба марзи 35 миллион нафар наздик шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон, ки дар ғарби Узбакистон воқеъ аст,  1.8 миллион нафар ҷамъият дорад, ки бештари онҳоро қарақалпоқҳо, қазоқҳо ва узбакҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат, ҷамъияти ин минтақа наздик ба 2,5 дарсад аз кулли ҷамъияти Узбакистонро шомил мешавад.

Табиист, ки ин ҷамъияти андак наметавонад бо баргузории инқилоби рангии мавриди назари давлатҳои ғарбӣ, хостаҳои ононро дар ин кишвар, ки дорои фарҳанге ғанӣ аст ва пуштивонаи қудратмандтаре шомили фарҳанги асили эрониро бо худ ядак мекашад, бароварда созад. Ба ҳамин далел давлатҳои бегона итминон доранд, ки наметавонанд хостаҳои худро мабнӣ бар инқилоби рангӣ амалӣ созанд. Аммо ин кишварҳои султагар, бо ин эътирозот метавонанд ҳамвора сояи таҳдид алайҳи давлатҳои блоки Шарқи собиқро доимӣ кунанд.

 

Бештар бихонед: