Июл 09, 2022 11:37 Asia/Dushanbe
  • Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳӯри Узбакистон дар умури Афғонистон
    Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳӯри Узбакистон дар умури Афғонистон

Дар дидори мақомоти аршади Узбакистон ва Инглистон охарин вазъияти минтақа аз ҷумла Афғонистон барраси шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раиси Ҷумҳӯри Узбакистон дар умури Афғонистон ва Нойҷел Кеси намояндаи вижаи нахуствазири Инглистон дар умури  Афғонистон тайи як нишасти видиои авзоъи ин кишварро барраси кардаанд.

Тарафайн дар ин ниҳшасти видиои чигунагӣ ва чашмандози раваобити Узбакистон ва Инглистон дар минтақа аз ҷумла тавсиаи авзоъи Афғонистонро мавриди барраси қарор доданд.

Дипламати арашади Инглистон талошҳои Узбакистонро дар ироаи кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва бозсозии иқтисодӣ ин кишвар бисёр арзимшманде хонд.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди нишасти байналмиллалии қарибулвуқӯъ бо меҳвари Афғонистон, ки 26- июли  соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Тошкент баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Барчасп