Ҳукумати комилан исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд
Раҳбари Толибон эълом кард, ки дар ояндаи наздик ҳукумати сад дар сад исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тулуъ Нюз Ҳайбатуллоҳ Охундзода раҳбари Толибон бо баёни суханрони дар масҷиди идгоҳи Қандаҳор гуфт: Тамоми қонунҳое, ки дар ҳукумати гузаштаи Афғонистон тасвиб ва амали шуд ва ба гуфтаи вай шаръи набуданд лағв хоҳад шуд.
Раҳбари Толибон ҳамчунин аз мардум хост, ки аз ҳукумати кунуни дар Афғонистон пуштибони ва қавонини шаръиро риъоят кунанд.
Мавлави Ҳайбатуллоҳ Охундзода идома дод: Лояҳои тамоми вазоратхонаҳо дар дуврони Ашраф Ғани ва Карзайро пас аз бозбини ғайришаръи ва ба нафъи мардум набошад аз байн мебарем ва як низоми холиси шаръи месозем.
Пеш аз ин раҳбари Толибон дар як паёми ба муносибати фаро расидани иди Қурбон аз кишварҳои дигар хоста буд зимни парҳез аз дахолат дар умури дохилии Афғонистон бо ҳукумати кунуни таъомул дошта бошанд.