Июл 17, 2022 11:17 Asia/Dushanbe
  • Бидуни тардид Афғонистон аз зарфиятҳои дохилии муносиб барои таъмини ниёзҳои мардуми ин кишвар бархурдор аст
    Бидуни тардид Афғонистон аз зарфиятҳои дохилии муносиб барои таъмини ниёзҳои мардуми ин кишвар бархурдор аст

Кӯдакони афғон ба иллати сӯитағзияи шаддид дар бемористонҳо бастари мешаванд.

Бино бар эъломи масъулин бемористонҳои кӯдакон дар вилояти Ҳирот, бо густариши фақр ва гуруснагӣ, сӯитағзияи кӯдакон дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар шудааст.

Ба гуфтаи раиси як бемористон дар Ҳирот, дар шаш моҳи гузашта бештар аз ду ҳазор кӯдаки мубтало ба  сӯтағзия дар бемористони кӯдакони ин вилоят бастари шуда, ки теъдоде ҷон бохтаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ба хусус Амрико дар ду даҳҳаи ишғоли Афғонистон аксар зер сохтҳои ин кишварро нобут кардаанд ва Вашингтон низ бо мусодираи миллиардҳо доллар аз дороиҳои Афғонистон, тири халосиро ба вазъияти иқтисодии ин кишвар шилик кард ба гунае,ки ин кишвар барои воридоти колоҳои асоси тавони моллии лозимро надоранд. Дар замоне, ки Амрико Афғонистонро дар иншғоли худ дошт монеъ шуд то зерсохтҳои мухталифи иқтисодии ин кишвар аз ҷумла кишоварзӣ ва эҷоди корхонаҷоти санъати ғизоӣ барои таъмини ниёзҳои асоси ва аввалияи Афғонистон тақвият шавад барои ин, ки ин кишвар ҳамвора ба Ғарб вобаста бошад. Акнун низ Амрико дар саддаи нобуд кардани як насл аз мардуми Афғонистон бо эҷоди сӯитағзия дар кӯдакон ин кишвар аст.

Гари Моррисон коршиноси масоили пизишкӣ ва тағзия дар ин бора мегуяд: Сӯитағзия сабаби кутоҳии қади кӯдакони афғон мешавад, ки пас аз дусолаги низ алоҷи надорад ва дар ҳамон ҳол қувваи идроки кӯдаконро бисёр тазъиф мекунад ва ин ба маънои нобуд кардани як насли мардуми Афғонстон аст.

Бо ин ҳол, ин ба маънои салби масъулияти Толибон дар мавриди саломатии мардуми Афғонистон ба хусус кӯдакон  нест. Набояд ин  тасавур дар миёни мардуми Афғонистон эҷод шавад, ки Толибон, ки худро ҳокими ин кишвар медонанд бо сипар қарор додани сӯитағзия мардуми Афғонистон ба хусус кӯдакон бо мазлумнамоӣ дар саддади ҳали мушкилоти сиёсии худ бошад.

Бидуни тардид Афғонистон аз зарфиятҳои дохилии муносиб барои таъмини ниёзҳои мардуми ин кишвар бархурдор аст ва ин Толибон аст, ки бояд заминаҳои бастари лозимро барои табдили он аз билқувва ва билфеъл фароҳам кунад. Зеро ҷомеъаи байналмиллалӣ дар амал нишон додааст, ки таҳти таъсироти мушкилот ва мазлумнамоиҳои  Толибон қарор намегиранд ва  дар ҳамон ҳол идомаи сиёсатҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ аз ҷумла мухолифат бо таҳсили духтарони болои шашум низ монеъ аз рӯйкарди байналмиллалӣ ба ҳамкории расмии Толибон ва ироаи кумак мешавад.

 

 Ба навиштаи рӯзномаи Гординян таҳқиқоти пизишкӣ ва равоншиносона дар Афғонистон нишон медиҳад, ки ҳудуди ниме аз кӯдакони Афғонстон ба далели сӯитағзия бо мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд зеро дар ду соли аввали зиндагӣ хуб тағзия намешаванд.

Дар ҳар ҳол , афзоиши омори кӯдакони афғон, ки бо сӯитағзия рӯ ба рӯ ҳастанд натанҳо ба нафъи Толибон ва ҳокимияти он нест балки нотавонии онро дар ин идораи умур ва таъмини ниёзҳои аввалияи мардуми Афғонистон тарсим мекунад.

Ин саволи муҳим низ барои мардуми Афғонситон матраҳ аст, ки бо идомаи сӯитағзияи кӯдакони ин кишвар, ояндаи увзои инсонии он ба чӣ самте ҳаракат мекунад?

Оё Афғонистон барои идомаи умури худ таҳти ҳар ҳокимияте магар ба насли солим ва ҷавонони таҳсил карда ва тавонманд ниёз надорад?

Аз байн рафтани як насл аз мардуми Афғонистон дақиқан сиёсати Амрико ва соири кишвраҳои Ғарбӣ аст, ки хунсо кардани он ниёзманди нигоҳи ҳушёрмандона ба таҳаввулоти  ояндаи инсонии Афғонистон аст.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп