Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон
(last modified Fri, 22 Jul 2022 12:54:33 GMT )
Июл 22, 2022 17:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чулпонота дидор кард.

Дар ин дидор мавзуоти аслии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон  ва низ дастури корҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба вижа, тавофуқе барои ташдиди фаъолиятҳои комиссияи байнидавлатӣ барои баррасии ҳамаҷонибаи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаву комиссияи байнидавлатӣ барои таъйини ҳудуди марзҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳосил шуд.

Сарони ду кишвар дар айни ҳол бар аҳамияти истифодаи мутақобил аз манобеи обии рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар манотиқи марзӣ ва ташдиди ҳамкориҳо дар ин росто таъкид карданд.