Июл 25, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти коргурӯҳи муштараки марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ботканд

Музокироти 5 рӯзаи коргурӯҳи муштараки марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон дар вилояти Ботканд оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи “АКИ Пресс”, ҳадаф аз ин нишаст, ки пас аз дидори ахири раисони ҷумҳурии ду кишвар дар Қирғизистон оғоз шуд, ройзанӣ дар бораи идомаи аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон унвон шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, тайи як соли ахир ду тараф бар сари аломатгузории 80 километр аз манотиқи мавриди ихтилоф тавофуқ карданд.

Пеш аз ин Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи заминшиносии Тоҷикистон гуфта буд, бо Қирғизистон бар сари аломтгузории 520 километр аз марзи муштараки 987 километрии ду кишвар тавофуқ шудааст.

 

Барчасп