Арзёбии мақоми Толибон аз нишасти СҲШ дар Узбакистон
(last modified Tue, 02 Aug 2022 08:27:56 GMT )
Август 02, 2022 13:27 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии мақоми Толибон аз нишасти СҲШ дар Узбакистон

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон дар Афғонистон нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд (пойтахти Узбакистон) -ро фурсати хуб барои таомули кишварҳои ҷаҳон бо ин давлат донист.

Ба гузориши шабакаи «Тулуъ Нюс», -и Афғонистон, Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон дар Афғонистони пас аз бозгашт аз Узбакистон дишаб (душанбешаб) дар Кобул эълом кард, дар нишасти Тошканд илова бар гуфтугӯ дар бораи таомули кишварҳо бо ин давлат бар озодсозии пулҳои масдудшуда ва лағви таҳримҳои ин кишвар аз тарафи Амрико ва ҳамдастонаш таъкид шуд.

Амрико ба дунболи хуруҷ аз Афғонистон дар августи 2021 ба баҳонаҳои воҳӣ бо таҳрими Афғонистон, ҳудуди даҳ миллиард доллар аз дороиҳои ин кишварро блок ва тасоҳуб кардааст.

Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати муваққати Толибон гуфт, дар дидорҳо бо мақомҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди мавзуоти иттисоли ин кишварҳо ба ҷануби Осиё аз тариқи Афғонистон ва афзоиши бозаргонӣ ва тиҷорати беҳтар гуфтугӯ сурат гирифт.

 

Бештар бихонед: