ЮНЕСКО дар Афғонистон корзори саводомузӣ роҳандозӣ мекунад
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва арҳангии Милали муттаҳид (ЮНЕСКО), корзори саводомузиро дар Афғонистон роҳандозӣ хоҳад кард.
ЮНЕСКО ба муносибати рӯзи ҷаҳонии саводомузии нишастеро бо ҳузури намояндагони идораи омӯзиши вилоятҳои мухталифи Афғонистон дар Кобул баргузор кард.
Патритсия, раиси дафтари ЮНЕСКО дар Кобул дар ин маросим, гуфт, рӯзи ҷаҳонии саводомузӣ, рӯзе аст. ки барои мо ёдоварӣ мекунад, ки миллионҳо нафар ҳам аз занону мардон дар Афғонистон аз савод маҳрӯм ҳастанд. Садриддин Садр, раиси арзёбии вазорати маориҳи ҳукӯмати Толибон ҳам гуфт, мо аз идораи ЮНЕСКО ташаккур мекунем, ки барои рушди саводомузӣ дар кишвар ба мо кумак мекунад. Вай афзуд, ки бештари макотиби Афғонистон вайрон буда ва бо камбуди таҷҳизот рӯбарӯ аст, ки бояд созмонҳои муртабит бо таълиму тарбият дар ин арса ба мо кумак кунанд.
Муҳаммадиброҳим Умарӣ, раиси бахши омӯзиши вазорати маориф ҳам гуфт, дастрасӣ ба таълиму тарбият зарурати ҷомеъа имрӯзӣ аст ва сармоягузорӣ дар арсаи таълим нақши муҳимме дар суботи иқтисодӣ, аҷтимоӣ дорад. Вай баён дошт, ки яке аз шохисҳои муҳими пешрафти кишварҳо саводи болои онҳо аст ва мубориза бо бесаводӣ, амре муҳим аст.
Садои Азиз Аҳмад, сухангӯи вазорати маорифи Толибон ва теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистонро бишанавед: