Сентябр 11, 2022 16:08 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи тиҷорӣ - транзитии Афғонистон бо Узбекистон, Қирғизистон ва Чин

Афғонистон бо Узбекистон, Қирғизистону Чин тавофуқномаи тиҷорӣ - транзитӣ имзо кард.

Пешбинӣ мешавад, бо истифода аз кридори ҷадиди Чин, Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистон, тараддуди коло аз Чин ба Афғонистон аз 3500 континир дар сол метавонад то 60 ҳазор контейнер дар сол афзоиш ёбад.

Ба гузориши ИРНА, идораи Роҳи оҳани давлати Толибони Афғонистон имрӯз (якшанбе) дар баёнияе эълом кард, идораи Роҳи оҳани Толибон бо идороти хати Роҳи оҳани чин, Узбекистону Қирғизистон барои эҷоди кридори иқтисодии муштарак, тавофуқномаеро дар Тошканд имзо кардааст.

Бар асоси ин гузориш, бар мабнои тавофуқномае, ки бо Чин ва кишварҳои Узбекистону Қирғизистон ба имзо расида, қарор аст, интиқоли колоҳои содиротӣ ва воридотии Афғонистон бо истифода аз хутути роҳи оҳан аз масири ин кишварҳо сӯрат бигирад.

Бар асоси баёнияи идораи Роҳи оҳани давлати Толибон, иҷрои ин тавофуқнома боиси коҳиши қимати колоҳои воридотӣ хоҳад шуд ва ҳамчунин заминаи иштиғоли ҳазорон нафарро дар Афғонистон фароҳам мекунад.

Пас аз иҷрои ин тавофуқнома, колоҳои тиҷорӣ, ки пеш аз ин тайи ду моҳ аз Чин ба Афғонистон ва билъакс мерасид ба муддатзамонии ду ҳафта коҳиш хоҳад ёфт.

Афғонистон бо вуҷуди инки фоқиди шабакаи хати роҳ оҳан аст, аммо ба таври маҳдӯд ба шабакаи роҳи оҳани бархе аз кишварҳо, аз ҷумлаи Туркманистон, Узбекистон ва Эрон муттасил аст.

 

Барчасп