Сентябр 15, 2022 11:38 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Арабистон дар иқтисоди Қирғизистон

Сафири Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ бо муовини вазири сармоягузории Арабистон дидор ва тарафайн бар тавсеаи равобити иқтисодӣ, таъкид карданд.

Улуғбек Маъруфов, сафири Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ бо Бадр бин Иброҳим Ал Бадр, муовини вазири сармоягузории Арабистон дидор кард.

Дар ин дидор сафири Қирғизистон гуфт, Арабистони Саудӣ омодаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Қирғизистон аст.

Вай афзуд, дар ояндаи наздик, як гуруҳи корӣ аз вазорати сармоягузории Арабистон аз Бишкек боздид хоҳад кард. Ин гуруҳи корӣ ба таври муфассал бо потансиели сармоягузории Қирғизистон, бо пружаҳои бузурги миллӣ ва соири заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба ошно хоҳанд шуд.

Маъруфов тасреҳ кард, ки кишварҳои мо потансиели зиёде барои тавсеаи ҳамкорӣ дар энержӣ, кишоварӣ,  гардишгарӣ ва бисёре аз заминаҳои дигар доранд.

Сафири Қирғизистон гуфт, бахше аз пружаҳои муштарак дар ҳоли иҷро аст ва тарафи саудии худро ба унвони як шарик ва сармоягузори қобили эътимод нишон додааст.

 

Барчасп