Узбакистон, Қирғизистон ва Чин қарордоди тарҳи сохти хати роҳи оҳан имзо карданд
(last modified 2022-09-15T11:44:36+00:00 )
Сентябр 15, 2022 16:44 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон, Қирғизистон ва Чин қарордоди тарҳи сохти хати роҳи оҳан имзо карданд
    Узбакистон, Қирғизистон ва Чин қарордоди тарҳи сохти хати роҳи оҳан имзо карданд

Қарордоди 3 ҷонибаи тарҳи сохти хати роҳи оҳани Узбакистон-Қирғизистон-Чин пас аз 20 сол барраси дар шаҳри Самарқанд имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бахши матбуъотии Вазорати ҳамлу нақли Узбакистон эълом кард, ки маросими имзои ин қарордод дар остонаи нишасти Самарқанд Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.

Ин санад мутолеъоти имконсанҷии тарҳи сохти роҳи оҳан дар қаламрави Қирғизистон дар нимаи аввали соли 2023-ро дар назар дорад, тарафайн ҳамчунин равиши таъмини моллӣ ва пахши  ҳазинаҳоро дар танзими мутолеъоти имконсанҷии тарҳ низ таъин карданд.

Дар ин гузориш омада аст, ки иҷрои ин тарҳи ҷуғрофиёи тиҷорат ва ҳамлу нақлро аз Чин ба Узбакистон, Туркия ва баъд ба Аврупо ва аз тарафи дигар ба кишварҳои ҳошияи Халҷи Форс густариш медиҳад.