Дархост барои ҳамкории аъзои Шанхай дар ҳавзаи низомӣ - сиёсӣ
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай хост то дар ҳавзаи низомӣ - сиёсӣ ҳамкорӣ кунанд.
Нишасти раисони ҷумҳурии кишварҳои узви Шанхай имрӯз - ҷумъа ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Самарқанд баргузор шуд ва Жонг Минг, дабири кулли ин созмон ва Руслан Мирзоев, раиси кумитаи иҷроии сохтори минтақаии зиддитерроризми Созмони Ҳамкории Шанхай ба сурати расмӣ, узвияти комили Эрон дар Созмони Шанхайро эълом карданд, ки бо ташвиқи ҳозирон ҳамроҳ шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар суханони ифтитоҳияи нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд гуфт, авлавияти аслии ин созмон тақвияти амнияти минтақаӣ аст ва лозим аст ба иҷрои асноде, ки қаблан тасвиб шудаву фаъолиятҳои муштараки дар ин замина муҳим, идома ёбад.
Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин низ дар иҷлоси Шанхай гуфт: Ҷилавгирӣ аз ҳар гуна талоши неруҳои хориҷӣ барои созмондеҳии инқилобҳои рангӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (SCO) муҳим аст ва мо бояд аз талошҳои якдигар барои ҳифзи амнияту манофеи тавсеа ҳимоят карда ва бо дахолат дар умури соири кишварҳо ба ҳар баҳонае мухолифат кунем.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ҳам гуфт, имрӯз тафоҳумномаи тааҳҳудоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони узви комили СҲШ дар ҳоли имзо аст ва мо аз он истиқбол мекунем.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ таъсис шудааст.
Бештар бихонед: